Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022 – 2023 Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро бомуваффақият ҷамъбаст намуд. Дар соли таҳсили ҷорӣ муассисаро 36 нафар хонанда хатм намуда соҳиби Аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиданд.

         Дар маросими супоридани Аттестати хатм ва Ифтихорномаҳо Ҳисориева Г.Т. муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Наботов С.Х. директори литсей, Ниёзбекова Г.А мушовири директор, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон ва падару модарони хатмкунандагон иштирок намуда, аз дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба масоили мубрами ҳаёти насли наврас таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Насли ҷавони мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доранд, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя намояд, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз карда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваранд.

Абдуллоҳи Раҳнамо,

коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ

 МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН

Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?

 (Шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон)

                                                                   ***

Чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? Талоши посух ба ин саволҳо ё шарҳе мустанад бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзи бо Қирғизистон

Меҳргон аз калимаи «Меҳр», ки ба моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, моҳи аввали тирамоҳ мебошад ва ба 23- сентябр, 22 октябр рост меояд, гирифта шудааст. Рӯзи аввали моҳро Меҳргон меноманд, ки эътидоли тирамоҳиро мефаҳмонад. Дар қадим дар ин рӯз иде ҳам барпо мешуд. Ҳар сол сокинони ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқан ба анъанаҳои ниёгонамон ба хотири масъули дастранҷи деҳконон ва хирмани бобаракати кишоварзон маърака ороста, иди ҳосилотро ботанатана қайд мекунанд, ки мақсади он намоиш додану тавсиф намудани намудҳо, гуногунии маҳсулоти ба даст овардаи кишоварзон мебошад.

Ҷиҳати татбиқ ва иҷрои  фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, № 1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (5-11), устодону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм, маъмурияти литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳамаи омӯзгорон луғати мазкурро дар шакли китобча чоп намуда тақсим намуданд.

Директори литсей Наботов С.Х. баҳри ташаккул додани маҳорату малакаи забономӯзӣ тасмим гирифтаанд, ки то охири ҷамъбасти чоряки якум ба ҳамаи хонандагони литсей дар ҳаҷми 400 адад луғат ройгон дастрас мегардад.

Санаи 20-уми октябри соли 2022 хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар даври якуми Озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!”, ки дар  донишгоҳ бо ибтикори  шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи раёсати корҳои тарбиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани завќи бадеӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандон баргузор гардид, иштирок доштанд.