ОЗМУНИ “ЧАКОМАИ ГЕСУ-2019”

           Бо ташаббуси Кумитаи кор  бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу-2019   бахшида ба солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаи давлатии театри давлатии Ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов ва дар муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур як гурӯҳ духтарони литсей бо маҳорати воло, муйи дарозу қади расояшон фаъолона иштирок намуданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар замири ҳар як духтари тоҷик бедор намудани ҳисси зебоию зебоипарастӣ, парвариши муйи дарозу зебо мебошад.