«МОДАР ФАРИШТА БУД...»

Бахшида ба  Рӯзи модар дар таърихи 7.03.19 конференсияи илмї-амалї дар мавзӯи «Модар фаришта буд...» гузаронида шуд. Чорабинӣ ба тариқи  озмун дар  байни духтарони синфҳои 10 ва 11 гузаронида  шуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ 28 нафар духтарони фаъоли литсей, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, бо ифтихорнома  сарфароз  гардонида  шуданд.

Дар баробари ин духтароне, ки дар озмуни “Китобхони беҳтарин” ва озмуни “Шоҳномахонӣ иштироки фаъолона доштанд ва соҳиби ҷойҳои намоён гардида буданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.