МАҶЛИСИ УМУМИИ ПАДАРУ МОДАРОН

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард. Дар масири омӯхтани илм ва тарбияи фарзанд санаи 02.03.2022 дар литсей маҷлиси умумии падару модар баргузор гардид, ки 90 % - и падару модарон иштирок доштанд. Падару модароне, ки бо литсей робитаи доимӣ дошта, фарзандонашон бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шудан.