МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ (СИНФИ 11) ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ – РИЁЗӢ

Санаи 04.04.2022 дар Кохи Суруш, шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии (синфи 11) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ баргузор гардид. Хонандаи синфи 11 – и литсей Икромӣ Анушервон, ки дар даври ниҳоии олимпиада аз фанни Математика сазовори ҷойи дуюм гардида буд, бо медали нуқра ва Дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.