ПЕШВОЗГИРИИ ҒОЛИБИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ (СИНФИ 11) ХОНАНДАГОН АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ – РИЁЗӢ

4 – уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ барои хонандагони синфи 11 доир гардид, ки хонандаи синфи 11 – и литсей Икромӣ Анушервон аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм гардида бо Ифтихорнома ва медали нуқра қадрдонӣ карда шуд Ин дастовард барои хонандагони литсей боз як намунаи амалӣ гардонидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб меёбад.