ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

15 уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ барои хонандагони синфи 11 и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он хонандаи синфи 11 и литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло аз фанни Ҳуқуқ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.