ТАШАККУЛИ ЗЕҲНИЯТИ ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ -ЭҶОДӢ

Аз санаи 12.04.2022. то 22.04.2022 дар ноҳия Фирдавсӣ даври дуюми (ноҳиявӣ) Конфресияи илмӣ – эҷодии хонандагон баргузор гардид, ки хушбахтона аз 19 нафар хонандагони Литсейи Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон 18 нафар ба даври сеюм (шаҳрӣ) роҳхат гирифтанд. Иштирок дар чунин лоиҳаҳо малакаҳои ҷустуҷӯйи илмии хонандагонро ташаккул дода , ҷаҳонбинии илмию эҷодии онҳоро васеъ менамояд.Айни ҳол хонандагони муваффақ ҳамроҳи роҳбарони илмии худ омодагӣ ба даври сеюм дида истодаанд.