ҶАЛАСАИ РАИСОН ВА АЪЗОЁНИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОН

Санаи 21.05.2022. "Ҷаласаи раисон ва аъзоёни кумитаи падару модарон" дар "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистрн" баргузор гардид.Ҷаласаро муовини директор оид ба тарбия Мисайнова Г. М. оғоз намуда, оиди баъзе мушкилотҳо дар таълиму тарбия суханронӣ намуданд.Сипас, раиси кумитаи падару модарон Меликов Олимҷон оид ба фаъолияти кумита ҳисобот пешниҳод намуда, аз бурду бохт ва мушкилотҳои фаъолияти кумита суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби раиси кумитаи падару модарони хонандагон ба роҳбарияти литсей ва раисони кумитаҳо пешниҳод гардид, ки дар асоси таҳлили таҷрибаи ватанию хориҷӣ "Фонди рушди литсей" ташкил карда шавад, ки дар натиҷа ҳама раисон пешниҳоди мазкурро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Сипас фаъолияти аъзоëни кумитаҳоро дар ҳар як синф таҳлил намуда, нақша ва барномаи фаъолияти "Кумитаи падару модарон дар Литсейи тиҷорат"- ро барои соли таҳсили оянда пешкаши аъзоёни кумита гардониданд. Сипас, директори литсей Сиёвуш Наботов ба ҳозирин якчанд пешниҳодҳо оиди ҳамкории кумита ва литсей нисбати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пешниҳод намуданд.