АЗ ЗАМОНИ КУДАКӢ, АЗ НАВРАСӢ, ҲАСТ ИН МОДАР-ВАТАН АЗ МО РИЗО

Санаи 23.05.2022 дар "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии адабӣ- фарҳангӣ, таҳти унвони "Аз замони кудакӣ, аз наврасӣ, ҳаст ин Модар-Ватан аз мо ризо" баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ ғолибони Олимпиадаҳои фаннии хонандагон , даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, қисмати фарҳангии чорабинӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.