ОМОДАГИИ ЛИТСЕЙИ ДДТТ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

         Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри сазовор пешвоз гирифтани 31 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсил дар ҳама самт омодагишҳо рафта истодааст. Синфхонаҳо ва роҳравҳои литсей аз таъмир бароварда шуда, омӯзгорон ва кормандони литсей ҳамарӯза барои тозаю озода намудани гирду атрофи литсей заҳмат кашида, кӯшиш бар он доранд, ки насли ҷавон, хусусан, кӯдакони наврасро, ки қадами нахустини худро ба боргоҳи донишу ҳикмат мегузоранд, то ояндаи худро бо заковату маърифат, ҳушмандии том бишносанду бисозанд бо руҳи болида истиқбол намоянд.