ДАВРИ АВВАЛИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 4 – 11 ОҒОЗ ГАРДИД

3 – уми октябри соли ҷорӣ дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври аввали олимпиадаҳои фаннии дохилилитсейӣ барои хонандагони синфҳои 4-11 оғоз гардид. Барои иштирок дар даври аввал дар маҷмуъ, 300 нафар хонанда аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ номнавис гардиданд.

 

Нахуст Ниёзбекова Г.А.мушовири директор оид ба таълиму тарбия иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии раванди таълими муосир дар шароити ҳамгироии фазои таълимӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва ботафаккур мебошад. Яке аз чунин чорабиниҳое, ки ба ҳалли ин масъала нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама, олимпиадаҳо мебошанд. Васеъшавии доираи татбиқи технологияҳои муосири информатсионӣ дар соҳаи таҳсилот барои иштироки оммавии хонандагони болаёқат натанҳо дар олимпиадаҳои дохилӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ имконият фароҳам меорад ва яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. 

Сипас, вобаста ба саволҳои иштирокчиён мутахассис оид ба олимпиадаҳо Разоқов Ф.З. хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон аз рӯйи фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, биология ва география донишу маҳорати худро нишон доданд.