ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!

Санаи 20-уми октябри соли 2022 хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар даври якуми Озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!”, ки дар  донишгоҳ бо ибтикори  шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи раёсати корҳои тарбиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани завќи бадеӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандон баргузор гардид, иштирок доштанд.

 

Хонандаи синфи 9 Раҳмонова Ибодат аз рӯйи номинатсияи “Қироати шеъри беҳтарин” дониш, маҳорату малакаи хуб нишон дода барои иштирок дар даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифт.

Дар оғоз муовини ректор оид ба тарбия Дилоев Н.Ф. бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозиринро бо мақсаду мароми озмуни зикргардида шинос намуд.

Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои: “Эҷоди шеъри беҳтарин”, “Иҷрои суруди беҳтарин” ва “Қироати шеъри беҳтарин” дониш ва маҳорату малакаи хуб нишон доданд.

Дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳакамон ғолибон муайян карда шуданд ва онҳо ба даври ноҳиявии он роҳ ёфтанд.