Санаи 24.01.2022 тибқи нақша – чорабиниҳои беруназсинфии иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи хонандагони синфҳои 4 “А” ва 4 “Б” конфренсия дар мавзӯи “Ҳама касбҳо хубанд” гузаронида шуд.

         Яке аз индикатори муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълимӣ, ин ғолибияти хонандагонашон дар озмун барои гирифтани СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳафтгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ки шумораи бештари хонандагонаш дар озмун ғолибият ба даст овардаанд, аз тарафи САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ натиҷагирӣ карда шудааст, қарор гирифтааст.

Санаи 22.12.2021 тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар литсей озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи “Математика” баргузор гардид, ки дар он 35 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ба довталабони даври аввали озмун барору комёбӣ ва дар самти корҳои илмию тадқиқотияшон муваффақиятҳоро таманно дорем.

Санаи 23.12.2021 тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар литсей озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияҳои “Физика” ва “География” баргузор гардид, ки дар он 28 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ба довталабони даври аввали озмун барору комёбӣ ва дар самти корҳои илмию тадқиқотияшон муваффақиятҳоро таманно дорем.

Санаи 21.12.2021 тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар литсей озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи “Биология” баргузор гардид, ки дар он 33 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ба довталабони даври аввали озмун барору комёбӣ таманно дорем.