(+992 37) 234 47 22

Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),
Бобоев Эмомалї –ѓолиби Олимпиада љумњуриявии мактаббачагон аз фанни Математика (16.04.2017)
Ба хонандагон

Дӯстони азиз,

Хуш омадед ба саҳифаҳои сомонаи расмии литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Дар саҳифаҳои сомона Шумо метавонед маълумоти заруриро оид ба таърих, сохтор, ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияту дастовардҳои омузгорон ва хонандагон пайдо намоед.
Директори литсей

Сесияи 41- уми баҳории Академия хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи  09.06.2019 дар бинои Муассисаи давлатии МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТӢ бо суханронии Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло ба кори худ аз рӯйи 15 бахш оғоз бахшид. Дар ҷамъбаст  Нуруллозода Шодмонҷон хонандаи синфи 10 “А” аз рӯйи мавзӯи “Тамошотеппа” дар бахши “Тахрих -  Этнография” сазовори дипломи дараҷаи 1 аз байни 120 лоиҳа,Одинаева Шукрона хонандаи синфи 9 “А” дар мавзӯи “Хусусиятҳои шифоии бобуна” дар бахши “Биология ва тиб” аз байни 153 лоиҳа сазовори дипломи дараҷаи 2, Тағозода Мафтуна  хонандаи синфи 9 “А” дар мавзӯи “Карозия” дар бахши “Химия” аз байни 83 лоиаҳа сазовори дипломи дараҷаи 2, Шарипова Таманно  дар мавзӯи “Хусусиятҳои морфологии вожаҳои мақолаи  “Фардои мактабу маориф” ” , китоби “Ғайр аз хурдан ва нӯшидан”-и Ӯрун Кӯҳзод сазовори дипломи дараваи 3 аз 100 лоиҳаи пешниҳод шуда, Сафаров Саидаъзам хонандаи синфи 7 “А” дар мавзӯи “Растаниҳои дуппала” дар бахши “Биология” дар байни 153 лоиҳа сазовори ифтихорномаи  Президенти Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Фестивал - озмуни ноҳиявии истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “шукуфаҳои пойтахт” бахшида ба “солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 рӯзи 29.05.19 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 – ноҳияи Фирдавсӣ  баргузор гардид, ки дар ҷамъбасти ин озмун хонандаи синфи 5 “А” Раҳмонова Ибодат аз бахши “ровӣ” бо қироати шеър барои ишғоли ҷойи якум сазовори ифтихорномаи директори Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Фирдавсӣ гардид.

 

.

.

.

.

Бањри тарбияи хонандагон дар рўњияи ахлоќї ва маънавї, мувофиќи талаботи Консепсияи миллии тарбия ва ѓанї гардонидани олами маънавии хонандагон рўзи 16.05.2019 бо адибони тавонои миллат – устод Гулназар Келдї-муллифи Суруди миллї, Камол Насрулло-Шоири халќии Тољикистон ва Муродалї Собир-шоири  кўдакону наврасон, яъне соњибони  шеъру  сухан вохўрї доир гардид. Ќайд кардан бамаврид аст, ки ин чорабинї  аз рўйи наќша дар моњвораи китоб бахшида ба зодрўзи Шоири халќии Тољикистон, дорандаи Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Рўдакї Убайд Раљаб, дар мавзўи  «Шоирї њам вориси пайѓамбарист» баргузор гардид.

Дар таърихи рӯзҳои 19.05.19 то 25. 05.19 дар кишвари  Ҳиндустон Олимпиадаи 8 -уми   AMIYT аз фанҳои дақиқ бо иштироки зиёда аз 500 нафар иштирокчиён баргузор гардид. Дар ҷамъбастӣ озмун хонандаи синфи 8 Икромӣ Анушервон сазовори медали биринҷӣ ва сертификат гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи амалии хонандагон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва хушсифат гузаронидани “Рӯзи мудофиаи гражданӣ санаи 10.05.2019 дар литсейи ДДТТ  “Рӯзи мудофиаи гражданӣ  баргузор гардид.

Фахри литсей
Эълон