Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм – натиҷаи кори омӯзгор

      Дар Литсейи ДДТТ аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 19 январи соли 2018, №170 аз 9-ум то 23-юми июни соли 2018 баргузор гардид. Аттестатсия ба тариқи анъанавї ва тестї гузаронида шуда дар он шумораи зиёди хонандагон мањорату малакаи намунавї нишон доданд. Рафти аттестатсияро маъмурияти литсей, алалхусус директори литсей Гулиҷаҳон Ниёзбекова таҳти назорати худ қарор дода, одилона ба донишу маҳорати хонандагон бахогузорӣ намуданд. Меъёри баҳогузорӣ дар литсей  яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аҳамияти махсусро доро мебошад. Ҷамъбасти  хар як аттестатсия нишон дод, ки маъмурият ва омӯзгорони литсей  барои бомуваффакият супоридани аттестатсия тайёрии ҷиддӣ дида, онро дар сатҳи баланди касбӣ гузарониданд.Дар анчоми аттестатсия омӯзгорон натиҷаи кори худро дар давоми сол  хурсандибахш арзёбӣ намуданд.