Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 – сентябр Рӯзи рӯдакихонӣ эълон гардидааст. Ҳамасола дар литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ нақша чорабинӣ таъсис дода шуда, дар асоси он хонандагони литсей ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Имсол низ аз тарафи шахси масъул оид ба гузаронидани ин чорабинӣ, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Мисайнова Г. нақша чорабинӣ таҳия карда шуд, аз 20.09.2018 то 23.09.2018 мувофиқи нақша чорабинӣ доир ба паҳлӯҳои ҳаёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хонандагони литсей саҳнаҳо нишон дода, аз ашъори ин шоири тавоно шеърҳо қироат намуданд. Иштироки фаъолонаи хонандагони синфҳои 5А,Б, 6А,Б, 7А, 8А,Б,В, 9А – ро қайд кардан ба маврид аст.