Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ТАШРИФИ МЕҲМОНҲОИ БЕЛОРУСӢ

Санаи 14-уми ноябри  соли љорї сањни Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон намуди идона дошт. Мањсули дастони ба намоиш гузоштаи хонандагони литсей, ки аз хўрокњои миллии ниёгону муосир  ва мањсули нонию ќаннодї иборат буданд, диќќати мењмононро ба худ љалб менамуданд.

Ворид гардидани мењмонони гиромиќадр Иванов Олег Николаевич-сафири фавќулодда ва мухтори Љумњурии Беларус дар Тољикистон, Абдуљаббор Рањмонзода-ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масоили иљтимої ва робита бо љомеа, Саид Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Рошина Елена Василевна-мудири кафедраи молшиносии Донишгоњи савдо ва иќтисоди кооператсияи матлуботи Љумњурии Беларус, Митселкина Татяна Степановна-мутахассис доир ба омода намудани хўрок ва ороиши тарабхонагї (аз њамин донишгоњ), Имомзода Муњаммадюсуф-ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, Зириё Саидзода- муовини сардори Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Шоњиниён Мањмадсаид-раиси Кумитаи Телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон  ба сањни донишгоњ њусни тоза зам намуд. Инчунин хонандагони литсей баъди пешвозгирии мењмонон дар барномаи «Шоми дўстии Тољикистон ва Беларус» иштирок  ва баромад намуданд.