(+992 37) 234 47 22

Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),
Бобоев Эмомалї –ѓолиби Олимпиада љумњуриявии мактаббачагон аз фанни Математика (16.04.2017)
Ба хонандагон

Дӯстони азиз,

Хуш омадед ба саҳифаҳои сомонаи расмии литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Дар саҳифаҳои сомона Шумо метавонед маълумоти заруриро оид ба таърих, сохтор, ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияту дастовардҳои омузгорон ва хонандагон пайдо намоед.
Директори литсей

Рӯзи 25 – уми декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси умумии падару модарони хонандагони литсей баргузор гардид. Ҷамъомадро директори литсей Ниёзбекова Г.А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт. Сипас, доир ба чорабиниҳои ба нақша гирифташудаи маъмурияти литсей ва корҳои иҷрогардида, алалхусус дастовардҳо ба ҳозирин маълумот дода шуда, ҷиҳати ҳамкории падару модарон, иштироки онҳо дар маҷлисҳои синфӣ, ҳолати омодагии ҳаррӯзаи хонандагон ба дарсҳо ва камбудиҳои ҷойдошта маълумот дода шуд. Дар охир мубодилаи судманди байни падару модарон ва маъмурият доир гардид.

Фахри литсей
Эълон