Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳуввияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, тибқи  ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 34 аз 30.01.2020 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалан аз тарафи  иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ-математикӣ нақша-чорабинӣ таҳия гардид, ки мувофиқи он аз рӯзи 5.02.2020 то 21.02.2020 озмуну чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Рӯзи  21.02.2020 таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои таълимии №2 – и Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи муовини директор оид ба таълим Қаюмова З.Н. ба хонандагони дар озмун иштирокнамуда ифтихорномаҳо супорида шуд.