Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ЭЙ СУБҲИ ВАТАН, МУЖДАИ НАВРӮЗ МУБОРАК!

Рӯзи 19-феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз  мақоми  байналмилалиро  касб  намуд.

Иди  Наврӯз соли 2009 аз ҷониби кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи маҷмааи умумии СММ дар   сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад. Бо ҳамин мақсад дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иди  Наврӯз ҷашн гирифта шуд, ки дар рафти ин ҷашн диплом ва ифтихорномаҳои хонандагони литсей, ки дар олимпиадаи фаннии шаҳри ҷойи сазоворро ноил гашта буданд, супорида ва бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.