Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Рӯзи «Модарон»

Оиди гузаронидани конфронс бахшида ба рузи «Модарон»

Чи тавре, ки маълум аст бо пешниходи Президенти кишвар Эмомали Рахмон, аз 6 марти соли 2009, 8 март – рузи «Модарон» љашн гирифта мешавад ва хар сол ин руз бо шукуху шахомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Дар литсейи ДДТТ хам ин рузро бо як масъулияти баланд пешвоз гирифтанд. Аз тарафи Шурои духтарони литсей дар таърихи 7.03.2014 бо рохбарии раиси Шурои духтарон Рахмонова М.Э бахшида ба ин љашн конфронси илми-амали дар мавзуи «Модар – эхёгари зиндаги ва илхомбахши рузгор» дар сатхи баланд гузаронида шуд.

Максад аз гузаронидани ин чорабини тарбия намудани хонандагон дар рухияи инсондусти, ифтихори ватандори, эхтироми арзишхои милли, умумибашари ва фарханги, хурмату эхтиром нисбати мода рва дарк кардани бузургии он мебошад.

Пеш аз гузаронидани ин чорабини толор бо рузномахои љашни, гулхо ва навиштаљотхо дар васфи «Модар» оро дода шуд. Конфронс ба таври мусобика байни ду гурухи духтарон бо номи «Гулчехра» аз хисоби духтарони синфи 11 ва бо номи «Паричехра» аз хисоби духтарони синфи 9 гузаронида шуд.

Конфронсро намоиши либосхои милли тахти садои мусики ва ситоиши модар аз тарафи хонандаи синфи 10 «Б» Ризоева Дилноза хусни огоз бахшиданд. Сипас барандахо Ризоева Дилноза ва Шукрияи Гулмад хозиринро бо барномаи конфронс шинос намуданд, ки аз чунин иборат буданд:

1.Саломнома

2.Монолог дар бораи Модар

3.Ракси якка

4.Бофтани муй

5.Аллаи модар бо парпеч кардани кудак

6.Намоиши либос ва дастранљхои милли

7.Тарзи тайёр намудани хуриш ва ороиши дастархон

8.Бехтарин реферат ва рузномахои девори

Барандахо ахли нишастро бо хакамон шинос намуданд ва суханро барои хондани маъруза дар мавзуи «Ноёбтарин неъмати дунё» ба хонандаи синфи 8 «Б» Беназири Саидмирзо доданд.

Хаминро кайд кардан зарур аст, ки дар вакти эълон намудани хар як баромад барандахо бо кироати шеър дар васфи модар навбатро ба иштирокчиёни озмун медоданд.

Хар ду гурухи духтарон бо як санъати баланд шартхои озмунро иљро намуданд. Ва гурухи духтарони синфи 11 бо номи «Паричехра» бо гирфтани 38 хол голиби мусобика дониста шуданд. Дар ин конфронс фаъолияти хуб аз љониби гурухи «Паричехра» Махмадуллоева Мехрангез, Ахадова Насиба, Одинаева Нигора, Баходурова Фарзона ва аз гурухи «Гулчехра» Шарипова Нигина, Мадинаи Сайвали, Султонова Хилола баръало хис карда шуд.

Дар охир директори литсей Махмадуллоев Зафар Насуллоевич барномаро љамъбаст намуда, иштирокчиёнро бо тухфахои хотирави ва ифтихорномахо хавасманд гардониданд.

 

Раиси Шурои духтарон:           Рахмонова М.Э.