Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

20 солагии Конститутсия

Сарконун-каломи зиндагиафруз

Бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарконун)-и Чумхурии Точикистон аз 29.10 то 5.11.2014 дар чамъомади пагохирузи хонандагони синфхои 5 «А,Б»,9 «А,Б» оиди Конститусия, хукук  ва озодии шахрвандон аз моддаи 14 то 47 боби 2-юму 4-ум маълумот доданд .Инчунин  аъзоёни созмони талабаги оид ба  донистани Сарконун  анкета пурсишнома омода  намуда, бо хонандагони синфхои 8-11 саволу чавоби шифохи  гузарониданд. Бахшида ба рузи Сарконун дар синфхо соатхои тарбияви гузаронида шуда,   хонандагон реферат, иншо, газетаи девори ва слайдхо тайёр намуданд. 

Рузи 3-юми ноябр  дар литсей конференсияи илми-адаби дар мавзуи «Сарконун-каломи зиндагиафруз» баргузор гардид, ки байни хонандагони синфи 8 «А» бо номи «Сарконун», синфи 8 «Б» бо номи «Конун» викторина ташкил карда шуд, хонандагони синфи  8 «А голиб дониста шуданд.

Сипас хонандаи синфи  2- «А» Тошматов Бобочон, бо суруди Точикистон хотири хозиринро шод намуд.

4.11.2014 байни духтарони синфи 10 , 11 мизи мудаввар дар мавзуи «Хукук, озоди ва вазифахои шахрвандон» гузаронида шуд, ки духтарони синфи  11   голиби озмун дониста шуданд.

Аз чониби  маъмурият хонандагоне, ки дар ин чорабинихо иштироки фаъолона доштанд бо ифтихорномахо кадрдони карда шуданд.