Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Татбики амалии Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

 

       Рузи 16.10.2014, чаласаи умумилитсейии  падару модарони хонандагони синфхои 9-11-и литсейи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон гузаронида шуд, ки дар он кормандони хифзи хукук ва 150 нафар падару модар  иштирок доштанд.

  

 Барои  таълиму тарбияи самарабахш ва сохибмаърифату хушахлок ба камол расонидани  насли наврас хамкори ва робитаи пайгиронаро бо падару модарон вусъат додан зарур аст. Масъулияти  падару модарон барои тайёр кардан ба зиндагии мустакилона ва омузиши дастовардхои илми муосир аз мактаб камтар нест. Аз ин ру,  дар литсей робита бо ахли чомеа, ба хусус падару модарон устувор гардонида шуда истодааст.

     Дар нимсолаи якум се маротиба мачлиси умумии падару модарон  гузаронида шуда, волидайн бо одобу рафтори фарзандон ва масъалахои  мухими руз, ба монанди татбики амалии  Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дастуру супоришхои Президенти кишвар ва дигар конунгузорихои давлату хукумат дар ин чода шинос гардонида шуданд.   

     Рузи 1.11.2014 мачлиси умумии падару модар даъват карда шуд, ки масъалахои зеринро халлу фасл намуданд.

     1.Вазъи таълиму тарбия дар литсейи ДДТТ

(Баромади директори литсейМахмадуллоев З.Н) 

     2. Робитаи  падару модар бо муассисаи таълими (Баромади раиси кумитаи падару модар Талабов Ш.) 

     3. Чамъбасти мархилаи I рейтинги I-и соли тахсили 2014-2015 (баромади чонишини директор оид ба таълим Гулмахмадов С.)

 

     4. Маъруза: «Нозукихо ва конуниятхои тарбияи фарзанд», дар асоси Конуни  Чумхурии  Точикистон  «Дар  бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (баромади Султонов М. чонишини директор оид ба фаъолияти инноватсиони)