Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Ғолибият дар форум

Аз 21 то 26 – уми моҳи майи соли 2018 дар бинои Душанбе – Плаза ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар форум хонандагони синфи 10 – и литсейи ДДТТ Абдураҳмонзода Солеҳ ва Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон ширкат варзиданд. Боиси хурсандист, ки Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон бо лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар байни 137 лоиҳаи пешниҳодгардида сазовори ҷойи ифтихорӣ, Диплом ва туҳфаи хотиравӣ гардид.