(+992 37) 234 47 22

Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),
Бобоев Эмомалї –ѓолиби Олимпиада љумњуриявии мактаббачагон аз фанни Математика (16.04.2017)
Ба хонандагон

Дӯстони азиз,

Хуш омадед ба саҳифаҳои сомонаи расмии литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Дар саҳифаҳои сомона Шумо метавонед маълумоти заруриро оид ба таърих, сохтор, ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияту дастовардҳои омузгорон ва хонандагон пайдо намоед.
Директори литсей

      Рўзи 23.02.19 бахшида ба 26-умин солгарди Артиши миллї чорабинии  умумилитсейї  таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – вазифаи ҷонии  ҳар як шаҳрванд»  доир  гардид. Хонандагони синфи 9 “Б” Мањмадуллоев Шоњрух ва Њайдаров Шуњрат  бо роњбарии омўзгори  фанни омодагии дифои њарбї Кудрявцев И. барномаи омоданамудаи хешро, ки бо усулњои гуногун худро муњофизат намудан буд, пешкаши њозирин  гардониданд. Дар ќисмати дигари чорабинї мусобиќањои варзишї  аз рўйи шартњои  ба дарозї  љањидан, турниккашї, бандкашї ва гирбардорї, вазнбардорї  дар байни  хонандагони синфњои 10 “АБ” ва 11 “АБ” сурат гирифт, ки хонандагони синфњои 11 бо бартарии холњо ѓалаба ба даст оварданд.

Бо ташаббуси муовини директор оид ба тарбия, роњбари Созмони хонандагон, омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик ва китобдори литсей дар байни хонандагони синфњои 5-11 озмуни «Шоњномахонї» дар ду давр гузаронида шуд. Ѓолибони озмун рўзи 12.02.2019 дар озмуни «Шоњномахонї», ки дар Муассисаи давлатии телевизиони кўдакону наврасони «Бањористон» баргузор гардид, иштирок намуданд.

           Бо ташаббуси Кумитаи кор  бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу-2019   бахшида ба солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаи давлатии театри давлатии Ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов ва дар муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев баргузор гардид. Дар фестивали мазкур як гурӯҳ духтарони литсей бо маҳорати воло, муйи дарозу қади расояшон фаъолона иштирок намуданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар замири ҳар як духтари тоҷик бедор намудани ҳисси зебоию зебоипарастӣ, парвариши муйи дарозу зебо мебошад.

 

Бо ташаббуси роњбари Созмони хонандагон ва китобдори литсей озмуни «Китобхони бењтарин» дар байни хонандагони синфњои 5-11 гузаронида шуд. Дар рафти озмун хонандагон асарњои хондаи худро муаррифї намуданд. Аз дохили асарњои хондаашон аз тарафи њакамон саволњо дода шуд. Дар натиљаи саволу љавоб маълум гардид, ки хонандагон китобњои пешнињоднамудаи худро дар њаќиќат хондаанд ва аз мазмуни онњо бохабаранд.

 

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба  роҳбарӣ ва интихоби дурусти касбҳо дар литсей  Рӯзи худидоракунӣ, бахшида ба Рӯзи омӯзгор 5.10.2018 ташкил ва гузаронида шуд. Пас аз ба итмом расидани дарсҳо хонандагони дарсгузаронида бо ҳамроҳии устодони худ дар толори маҷлисгоҳ ҷамъ омада, таассуроти хешро оид ба дарси аввалинашон баён намуданд ва иқрор шуданд, ки омӯзгорӣ касби сермашаққат будааст. Худидоракунӣ дар литсей мақсаднок гузаронида шуд ва барои хатмкунандагон таҷрибаи калоне буд, ки дар ҳаёти оянда ҳатман ба кор меояд.

Фахри литсей
Эълон