Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Суратгузориш аз рафти гузаронидани чорабинӣ бахшида 77-умин солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мавзӯи « Эй падарҳо, бо баҳои ҷон музаффар гаштаед» дар ҷаъомади пагоҳирӯзи дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Точикистон

Рӯзе сахте бар сарат омад, манам дар хизматат,

Кӯри беҳ бошам агар аз ғофилони қисматат.

Офате гардам ба офат то ки дар дӯшат фитад,

Медиҳам ҷону ҷахонамро бар ту бемеҳру хат.

Эй Ватан , гаҳвораи дерини аҷдодони ман ,

Покии рӯҳ, покии ҷон , покии виҷдодони ман

Бо иқдоми омӯзгорон ва кумитаи падару модарони Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар арафаи Иди Шарифи Рамазон ба 16 нафар оилаҳои камбизоат ва 14 нафар маъюбони гурўҳи якум ва дуюми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва макарон кўмаки яквақта расонида шуд.

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Суратгузориш аз чорабинии "Рузи Китоб" дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон.

Баромади хонандагони синфи 3 "А"

Санаи 27.04.2022 дар литсейи ДДТТ оиди иҷрои "Барномаи комплексии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025" даҳаи фанҳои биология- экология гузаронида шуда истодааст. Яке аз қисматҳои ин чорабинӣ тасвир кардани манзараҳои табиат дар мумфарш мебошад. Аз тарафи хонандагони синфҳои 1-4 хело хуб ва дар сатҳи баланд ичро карда шуд, ки хонандагони синфҳои 2 "А", 4 "А" сазовори ҷойи якум, синфҳои 2 "Б", 3 "А",1 "Б" сазовори чойи дуюм ва синфҳои 1 "А", 4 "Б", 3 "Б" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Мувофиқи нақшаи иттиҳодияи методии фанҳои забонҳои хориҷӣ дар санаи 28.04.2022 дар байни синфҳои 3 "А"ва 3 "Б" дарс_мусобиқа дар мавзӯи "My family is my life " бо истифода аз руи таълими низоми босалоҳият бо истифода тахтаи интерактивӣ гузаронида шуд .Хонандагони хар ду синф фаъолияти баланд нишон доданд.