Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Дар таърихи 18.02.2022 дар синфҳои 3 “Б” ва 7 “Б” дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзӯи “Мальчишка – будущий солдат” гузаронида шуд.

Санаи 18.02.2022 дар синфи 3 “Б” аз фанни забони англисӣ дарси намунавӣ дар мавзўи  “The color. What color do your toys have? “ (Ранг. Ранги бозичањои шумо чї хел аст?) гузаронида шуд.

         Санаи 17.02.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ватан то ман сазовори ту бошам” дар байни хонандагони синфҳои 9 – 11 гузаронида шуд, ки хонандагон оиди мавзӯъ андешаҳои ҷолибе пешниҳод намуданд.

         Рӯзи 18.02.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки Гирандагони Стипендияи Президентӣ Мизи мудаввар дар мавзӯи “Хизмататро, эй Ватан, ман аз дилу ҷон мекунам” гузаронида шуд, ки дар чорабинӣ меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд.

         Санаи 30.01.2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаи 61 – уми физикӣ – математикии Донишкадаи физикӣ – техникии шаҳри Маскав гузаронида шуд.

         Дар ин озмун хонандаи синфи 8 “А” – и литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдураҳмонзода Фотеҳ аз фанни физика иштирок намуда, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 гардид.