Сафар ба Стамбул

Соли сеюм аст, ки хонандагони литсейи ДДТТ дар олимпиадаи VIII-уми байналмиллали аз руи асосхои илм, ки марказаш шахри Екатеринбурги давлати Руссия аст, фаолона иштирок менамоянд. Дар натичаи чамъбасти даври дуюми ин олимпиада хонандагоне, ки сазовори холхои баланд гардида буданд, барои иштирок дар даври нихоии олимпиадаи VIII-уми байналмиллали, ба шахри Стамбули давлати Туркия сафар намуданд. Хонандагон дар тули як хафта бо урфу одат, маданият ва таърихи ин давлат шиносои пайдо намуданд ва дар чамъбаст хонандагони литсей Каримов Одина аз фанни математика (медали тилло), Одинаева Нигора аз фанни технологияи информатсиони (медали тилло), Амонов Фируз аз фанни забони англиси (медали тилло), Хасанов Умед аз фанни забони руси (медали нукра), Мансурзода Сайнуриддин аз фанни забони руси (медали нукра), Шахриёри Саймуддин аз фанни технологияи информатиони (медали нукра) Холбобоев Самариддин аз фанни математика (медали биринчи) ва Неъматов Шохрух аз фанни забони англиси (медали биринчи)-ро сазовор гардиданд.