Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Ҳафтаи Мавлонохонӣ дар литсей

Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо ибтикори Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябр Рӯзи мавлонохонӣ эълон гардидааст. Ва ҳамасола мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат қайд мекунанд. Аз ҷумла, мо омӯзгорону  толибилмони литсей низ аз 25-ум то  29 -уми сентябр дар литсей бахшида ба Рӯзи  мавлонохонӣ нақша-чорабинӣ тартиб дода, ин ҷашнро дар сатҳи баланд таҷлил намудем.   Хонандагон дар тӯли ин рӯзҳо аз ашъори ин бузургвор шеърҳо қироат намуданд, озмуни “Шеърхонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Ҳозирҷавобон”, озмуни “Байтбарак”, озмуни иншову рефератҳо, расмҳои беҳтарин ва рӯзномаҳои беҳтарин бахшида ба эҷодиёти ин адибон гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабиниҳо хонандагони синфҳои 5 “А”, 5 “Б”, 6 “А”, 6 “Б”, 7 “А”, 8 “А”, 8 “Б”,8 “В”, 10 “А” хеле фаъолона иштирок намуданд.