Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ОМӮЗГОР – МЕНЕҶЕРИ СИНФХОНА

Дар санаи 29.10.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинарӣ методӣ барои омӯзгорони литсей дар мавзӯи “Омӯзгор – менеҷери синфхона” барпо гардид. Сараввал мафҳуми “менеҷер”, ки  аз калимаи англисии  “manage”  гирифта шуда  маънои рохбарикунанда, идоракунанда-ро ифода мекунад, таҳлил гардид. Дар рафти семинар ҳамаи мушкилотҳое, ки омӯзгорон дар идоракунии синфхона доранд, муайян карда шуда  роҳу усулҳои ҳалли он омӯзонида шуданд. Иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ҳар нафар менеҷери кадом ҷанбаҳо будани худро муайян намуданд ва ҳангоми муаррифӣ ҳар як омӯзгор  аз менеҷери синфхона будани худ рӯҳияи тоза гирифт.

 

Дар анҷоми семинар аз ҷониби тренер якчанд маслиҳат барои беҳтар кардани қобилияти идиракунии синфхона дода шуд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин семинарҳо ин такмил додани маҳорат ва малакаи идоракунии раванди таълим мебошад.