Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ “ҲАФТАИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ, ИННОВАТСИЯ ВА ИХТИРОЪКОРИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ВА ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН СОМОНАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ”

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 ноябри соли 2021, №652, аз 15 то 20 ноябри соли 2021 Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе эълон карда шуд.

Дар ин ҳафта хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуданд, ки 3 нафар хонандагон Абдуллои Иброҳим – аз фанни ҳуқуқ, Қаҳҳорзода Меҳрона – аз фанни химия ва Мусоева Фаршеда – аз фанни география сазовори дипломи дараҷаи III гардиданд. Ин дастоварди навбатиро ба омӯзгорон ва ғолибон муборакбод мегӯем.