Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021 – 2022

Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 20.12.2021 то 25.12.2021 ҷиҳати омодагӣ ба даврҳои минбаъдаи озмун гузаронидани даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва омӯзгорон ба шумор меравад.

20.12.2021 тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар литсей аввалин шуда номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” ва номинатсияи “Химия” ба баргузории озмун ҳусни оғоз бахшиданд, ки дар он 28 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ба довталабони даври аввали озмун барору комёбӣ таманно дорем.