Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Эй соли нав, оғоз шав, Наврўз мемонад қадам

«Эй соли нав, оғоз шав, Наврўз мемонад қадам»

Аз 1.03.2017 то 20.03.2017 мувофиқи нақша- чорабинињои литсей бахшида ба Наврўзи байналмилалӣ гузаронидани соатҳои намунавии тарбиявӣ (роҳбарони синфҳо), озмуни «Расмҳои беҳтарин» дар мавзўи «Наврўзи дилафрўз – ҷашни миллии мост» байни хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9-11, (Абдуллоева И.,) мусобиқаи варзишӣ аз рўи навъҳои варзиши сабук: баскетбол, бандкашак, тенис ва гўштини миллӣ

дар байни хонандагони синфҳои 9-11( Холиқов Қ. омўзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ), озмунҳои гуногун аз қабили байтбарак, қиссагўй, шеърхонӣ ва маҳфилҳои адабӣ (роҳбарони синфҳо, иттиҳодияи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ) озмуни рўзномаҳои беҳтарини деворӣ (Абдураҳимова Ҳ.,), дар байни синфҳои 1-11, гузаронидани суҳбат, саволу ҷавоб оид ба «Таърихи пайдоиш ва аҷамияти ҷашни байналмилалии Наврўз (Шукурова С., Пулотов Ш.), дар арафаи ҷашн бо шиору овезаҳо оро додани бинои литсей (Холиқов Қ. кормандони хоҷагӣ) Шинондани дарахтон, гулҳои ороишӣ ва анҷом додани корҳои тозагиву ободонӣ (иттифоқи касабаи кормандон) ба нақша гурифта шуда буд, ки аз тарафи мутассадиён сари вақт бандҳои нақша-чорабинӣ иҷро гардиданд. Дар таърихи 17-уми марти соли 2017 Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Точикистон чорабинии умумилитсейии худро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз дар мавзўи «Эй соли нав, оғоз шав, Наврўз мемонад қадам» таҷлил намуд. Чорабиниро хурдтаракони литсей бо барномаи театрикунонидашуда бо номи «Муждаи бахор» оғоз намуданд.

Дар чорабинӣ  ректори донишгоҳ профессор Факеров Ҳамидуллохон Нуриддиновичодони  ва устодони  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Ректори донишгох Фақеров Ҳ.Н. ва директори литсей Маҳмадуллоев З.Н. хамаи толибилмон, омўзгорони литсейро бо ин чашни пуршукўҳ табрику таҳният гуфта кайд намуданд, ки Наврўз яке аз бошукўхтарин ҷашнҳои қавми Ориёӣ ва мардуми форсизабон аст. Ҳикмати Наврўз ончунон кавӣ аст, ки аз маҳдудаи мардумони форсизабон фаротар рафта ба як ҷашни фаромиллӣ дар машрикзамин табдил ёфтааст ва иброз доштанд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўзи мардуми ориётабор ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷаҳонишавӣ ҳар як сокини баору номусро водор месозад, ки расму оинҳои наврўзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукўҳу шаҳомати тоза бахшад.

Дар чорабинӣ инчунин Шамсиддин Нуриддин ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ , бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Шарифзода Мумин Машокир мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврўз ва дар арсаи байналмилалӣ афзудани мақому манзалати кишвари азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлолро ёдовар шуданд.

Хонандагони литсей (синфҳои ибтидоӣ, 4 «А»,5 «Б», 6 «А»,7 «А» 8 «АБ»,10 «А», 6«Б», 11 «АБ», 9 «АБ» бо раксу сурудҳои ҷолиб, саҳначаҳои ҳаҷвии наврўзӣ, дубайтхои наврўзӣ хотири хозиринро шод гардониданд. Онҳо анъана ва маросими се минтақаи ҷумҳурӣ Суғд (келинталбон бо риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо), Хатлон (Ордбезон), Бадахшон (Арўсбиёрон)-ро бо тамоми ҷузъиёташон дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Максади гузаронидани чорабинии наврўзӣ ин нигоҳ доштан ва инкишоф додани фарҳангу анъанаҳои миллӣ, омўзиши таърих ва таҳкими маросиму идҳои анъанавӣ, дар рўхияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани хонандагон мебошад. Бале Наврўз як таъкиде аз гузаштагон аст, то фаромўш накунем, ки мо миллати наврўзӣ ҳастем ва оғозу анчоми мо наврўз аст. Пайки наврўзии дигар дар он аст, ки имсол бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид ва ин толибилмони литсей ва ҷавонони кишварро водор месозад, ки дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.

Дар анҷоми чорабинӣ директори литсей номзади илми физика- математика Махмадуллоев З.Н. ба омўзгорону хонандагоне, ки дар сатхи баланд омода намудани барномаи фархангӣ- маърифатии чашнӣ саҳми сазовор гузоштаанд изхори миннатдорӣ баён намуда барояшон дар омад-омади фасли растохези бахор, хонаи обод, сарсабзию сарбаландӣ таманно намуданд.

Дар таърихи 18.03.2017 наврўзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар баробари устодони донишгох омўзгори литсей; Абдуллоева Лайлӣ барои фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Инчунин хонандагони хурдсоли мо бо барномаи фарњангӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар гузаронидани барномаи фарњангӣ ва иҷрои нақша-чорабинӣ саҳми омўзгорон: Раҳмонова М.Э, Мисайнова Г.М., Мирзоева С.Р., Қаюмова З.Н., Абдурањимова Ҳ.И., Шукурова С.М., Толибова Г.А.,Сабзалиева Г.Ё.,Султонова О., Абдураҳмонова М.С., Раҳимова Н., Холматов Ф., Раззоқов хеле калон буда, барои ороиши ҷойи гузаронидани чорабинӣ: Гулмаҳмадов С., Султонов М., Холиқов Қ.,Саидниёзов А., Ҷобирова Ш., Қодирова Ҷ., Қурбонова С., Абдуллоева Л., Раҳмонова З.М., Шоҳгунаи Баҳром., Абдуллоева И. (маросими Суманакпазӣ) саҳмгузор мебошанд.