Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд...

Дар литсей  конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 140-солагии Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд...” рӯзи 20.04.2018 гузаронида шуд, ки ҷиҳатҳои таълимию тарбиявии зиёд дошт. Зери садои мусиқии форам рӯҳи адиб ба саҳна баромада,  лаҳзаеро аз ҳаёти худ қисса мекунад:

Биёед, эй рафиқон дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

«Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад магар аз мактабу мадорис»,- гуфтааст Садриддин Айнӣ.