Озмуни «Суфраи кадбону» бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Оши болаззат»
Бо маќсади рушди ҳамаљонибаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиљорати Тољикистон дар байни хонандагони синфҳои 9-11 озмуни «Суфраи кадбону» дар мавзӯи «Оши болаззат» гузаронида шуд, ки иштирокчиёни озмун намудҳои гуногуни оши палав, аз ќабили «Оши буѓӣ», «Оши токӣ», «Оши як ба як», «Бедонапалав», «Палав бо тухм», «Палави ҳаваскор (любительский)», «Палави тољикӣ»-ро дар сатҳи баланд омода намуда, пешкаши аъзоёни ҳакамон гардониданд. Озмун бори дигар собит сохт, ки духтарони тољик баҳри зинда гардонидани анъанаҳои гузаштагони хеш омодаанд ва дар ҳаёти мустаќилона худ аз ин ҳунарҳо истифода намуда, баҳри пойдорӣ ва беҳбудии зиндагиашон метавонанд саҳмгузорӣ намоянд. Дар чорабинии мазкур муассиси литсей ректори ДДТТ профессор Фақеров Ҳ.Н. иштирок намуда, ба ҳунари пазандагии духтарон баҳои баланд доданд.