Китобхона
«Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст»- гуфтааст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Бо вуҷуди он ки техника ва технология хеле пеш рафтааст, бе мутолиаи китоб кас нутқи равону бурро пайдо карда наметавонад. Беҳуда китобро сарчашмаи дониш ва мушкилкушои ҳамаи корҳо намегӯянд. Фақат китоб метавонад хушбахтӣ ато кунад, хурсандӣ оварад ва маслиҳатчию ҳамфикри мо бошад. Дӯсте, ки хирадманд ва маслиҳатгар аст ва ҳеҷ гоҳ ба мо хиёнат намекунад, ин китоб аст:
Соиб, зи ту ҳар лаҳза ба ман нек хитоб аст,
«Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯйи китоб аст»
Дар китобхонаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақша аз рӯйи самтҳои тарбия корҳо тарҳрезӣ карда шудаанд. Намунаи таълими яке аз унсурҳои тарбия-маърифат ва маърифатмандиро ба шогирдон ба воситаи тарғиби китоб ва китобхонӣ ташкил метавон кард. Китоб пеш аз ҳама ба равиши таълим ва тарбияти инсонгаро арзиши хос медиҳад ва ин беҳуда нест.
Дар китобхона фонди китобҳои дарсӣ, бадеӣ, бачагона бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ гирдоварӣ карда шудааст. Аз шумораи 504 нафар хонандаи литсей 346 нафар ба китобхона аъзоянд. Барои ташаккул додани ҷаҳонбинии хонандагон ва маънавиёти онҳо ба хониши мунтазами адабиётҳои ҷамъиятӣ, бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ҷалб карда мешаванд.
Инчунин гузаронидани корҳои оммавӣ, аз қабили тарғиби адабиётҳо, идҳои китоб, конференсия, шоҳномахонӣ, суҳбатҳо, намоиши китобҳо дар ҳамкорӣ бо коллективи педагогӣ ба иҷро расонида шудааст. Аз тарафи китобхона расонидани кӯмак ба роҳбарони синфҳо ва волидайн, дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои литсей, тарғиб кардани корҳои хонандагони пешқадам, сари вақт огоҳ намудани омӯзгорон ва хонандагон аз адабиётҳои воридшуда, баровардани рӯйхати китобҳои нав, аз қайд баровардани китобҳои фарсуда бараъло намоён аст. Инчунин бо хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди хониши мунтазами китоб ва омӯзонидани тарзи корбарӣ бо китоб суҳбатҳо гузаронида мешавад.
Омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо мувофиқи нақшаҳои солонаи тарбиявиашон дар мавзӯъҳои «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», «Ба китоб ёрии аввалинро чӣ тавр бояд расонид?» «Китоб-дӯсти беғараз», «Беҳтарин ёри вафодор китоб аст» соатҳои тарбиявӣ мегузаронанд. Дар ин соатҳои тарбиявӣ омӯзгорон бояд ба хонандагон мефаҳмонанд, ки китоб сарчашмаи боигарии маънавӣ буда, бо меҳнати садҳо одамон офарида шудаанд.
Дар маҷлисҳои падару модарон ва шӯрои педагогӣ оиди масъалаи хонишҳои беруназсинфӣ низ борҳо баромадҳо карда шудаанд.