Соли сеюм аст, ки хонандагони литсейи ДДТТ дар олимпиадаи VIII-уми байналмиллали аз руи асосхои илм, ки марказаш шахри Екатеринбурги давлати Руссия аст, фаолона иштирок менамоянд. Дар натичаи чамъбасти даври дуюми ин олимпиада хонандагоне, ки сазовори холхои баланд гардида буданд, барои иштирок дар даври нихоии олимпиадаи VIII-уми байналмиллали, ба шахри Стамбули давлати Туркия сафар намуданд. Хонандагон дар тули як хафта бо урфу одат, маданият ва таърихи ин давлат шиносои пайдо намуданд ва дар чамъбаст хонандагони литсей Каримов Одина аз фанни математика (медали тилло), Одинаева Нигора аз фанни технологияи информатсиони (медали тилло), Амонов Фируз аз фанни забони англиси (медали тилло), Хасанов Умед аз фанни забони руси (медали нукра), Мансурзода Сайнуриддин аз фанни забони руси (медали нукра), Шахриёри Саймуддин аз фанни технологияи информатиони (медали нукра) Холбобоев Самариддин аз фанни математика (медали биринчи) ва Неъматов Шохрух аз фанни забони англиси (медали биринчи)-ро сазовор гардиданд.

         Гурухи 27 нафараи Литсейи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон бо сарварии директори литсей Махмадуллоев З. Н., ва мутахассис оид ба хонандагони болаёкат ва навовари литсей Махсудинова Р. Г. ба шахри Анталияи давлати Туркия аз 05.04.2011 то 12.04.2011 барои иштирок дар даври нихоии Олимпиадаи 7-уми байналмиллали, ки дар байни 8 давлати чахон баргузор гардид, сафар намуданд. 
         Хонандагони литсей дар давоми як хафта бо маданият, урфу одатхои милли ва бо хонандагони литсей ва гимназияхои давлатхои Казокистон, Руссия, Туркия ошнои пайдо намуданд. 
         Баромади хонандагон Собирчони Сичоат, Акрамов Эхсон, Шамсуддинов Шахриёр, Шукрия Гулматзода, Ризоева Гулноза, Ризоева Дилноза, Одилзода Зокирчон., Одинаева Нигора, Джамолов Даврон, Чамолов Абдувосит, Имамом Амиртемур, Одинаева Шахноза аз фании технологияи информатсиони, Кароматулоии Азиз, Рачабов Исмат аз фанни физика, Холбобоев Самариддин, Саиди Баходур аз фанни математика, Собиров Фируз аз фанни забони руси басо хуб буд. 
         Аз хама руйдоди хотирмон он буд, ки Факерова Сомона, Хочаев Рамшед аз фанни (технологияи информатсиони), Акмали Донабой, Рухшоди Махмадзоир аз фанни (математика) ба гирифтани медалхои тилло ва чанд нафари дигар сазовори медалхои нукраю биринчи гардида, бо сари баланд ба Точикистони азиз баргаштанд. 
        Бояд гуфт, ки ин дастовардхо тухфахои сазовори хонандагони литсей ба чашни Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошанд. 
        Албатта, дар ин чода пеш аз хама дастгирии ректори Донишгохи давлатии тичорати Точикистон, мухтарам Шарипов М. М. ва сарвари литсей Махмадуллоев З. Н., ки барои мо омузгорон ва хонандагони литсей шароити хуби донишандузи ва кориро фарохам овардаанд, басо калон аст.
 

Дар литсей даври дуюми олимпиадаи 6-уми байналмилали чамъбаст гардид. Зиёда аз 295-нафар хонандагони литсей ба даври сеюм (нихои) роххат гирифтанд. 26-нафар хонандаи литсей барои иштирок намудан дар даври нихоии олимпиадаи 6-уми байналмилали ба шахри Анталияи Туркия сафар мекунанд. Тайёрии хуби хонандагон имкон дод, ки хонандагони литсейи мо дар байни 8-давлати чахон иштирок намуда, обруи литсей, Донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва Чумхурии Точикистонро баланд бардоранд. Умед дорем, ки шогирдони мо ба сари баланд ва дастовезхо ба Ватан бармегарданд.