ФАРҲАНГИ РӮЗҒОРДОРӢ
Дар литсейи ДДТТ бахшида ба бузургдошти Рӯзи модарон аз ҷониби Шӯрои духтарони литсей озмуни «Фарҳанги рӯзғордорӣ» баргузор гардид.
Дар озмун духтарони синфҳои 2-11 иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои муҳими озмун аз қабилӣ: ороиши мизи омӯзгор ва тахтаи синф, омода кардани дастагул аз қоғаз ва дигар ашёҳои нолозима, қироати порчаҳои шеърӣ, ғазал ва тарона дар васфи модар, ҳозирҷавобӣ ба саволҳои мантиқӣ, саҳнача, рақс ва хондани суруди аввалини модар ба тифл ҳунарнамоӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин озмун ин муайян намудани малакаву маҳорат ва сайқал додани кадбонугии духтарон мебошад.