АЙНӢ - ЭҲЁГАРИ АДАБИЁТ
Бахшида ба бузургдошти яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёт, олим, шоиру нависанда, таърихнигор, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ
дар байни хонандагони литсейи ДДТТ мизи мудаввар дар мавзӯи: «Айнӣ-эҳёгари адабиёт» баргузор гардид. Хонандагон доир ба паҳлуҳои ҳаёти адиб, фаъолияти шоири ва нависандагии ӯ маълумот дода, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Ва аз асарҳои пурарзиши адиб порчаҳои насрӣ қироат намуда, бори дигар рӯҳи ин марди наҷибро шод намуданд.