ХУШХАБАР
Боиси ифтихору хурсандист, ки ҳамасола хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Аз ҷумла, соли равон низ хатмкунандагони литсей Самадова Манижа аз фанни химия ва Нуруллозода Шодмонҷон аз фанни таърих дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннии хонандагон, яъне ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ба гирифтани ҷойҳои якум ва медали тилло ноил гардиданд.