ҶАШНИ МЕҲРГОН
Дар асоси Нақшаи солонаи литсей баҳри ташаккул додани маърифати экологии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо нисбат ба соҳаи кишоварзӣ санаи 20-уми октябр дар фазои кушодаи табиат – зери дарахтони мевадиҳанда, ки дар боғчаи таҷрибавии назди литсей шинонида шудааст, Конфронси илмӣ – адабии «Меҳргон» дар мавзӯи: «Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист» бахшида ба солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар конференсия корҳои эҷодии хонандагон, озмуни расмҳои беҳтарин, саҳначаҳои ҷолиб пешкаш карда шуда, инчунин иштирокчиён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ оид ба хусусиятҳои шифобахшии растаниҳо, меваҷоту сабзавот маълумот доданд.