СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “ИСТИФОДАИ МЕТОДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ИНТЕРАКТИВӢ ДАР ТАЪЛИМ”
Дар санаи 19.02.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 - 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва интерактивӣ дар раванди таълим» бо методи гурӯҳбандӣ ва иштироки фаъоли ҳамаи омӯзгорон баргузор гардид. Дар қисми амалии семинар баромадкунандагон Султонова О.Т.-аъзои гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ва Розиқова Рудоба - омӯзгори фанни забони англисӣ иштирокчиёнро ба гурӯҳҳои : «Таълимгирандагон», «Таълимдиҳандагон» ва «Мушовирон» ҷудо карданд. Ҳар як гурӯҳ сардори гурӯҳи худро интихоб намуда, дар якчоягӣ фикру андешаҳои ҳамдигарро тақвият доданд ва дар варақаҳои корӣ андешаҳои худро сабт намуда, аз рӯйи он андешаронӣ намуданд. Семинарро директори литсей Маҳмадуллоев З.Н. ҷамъбаст намуда, ба омӯзгорон тавсияхои методиро пешниҳод намуданд.