Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ОЗМУНИ "ХОНАНДАИ СОЛ - 2021"

“Беҳтаринҳо зода намешаванд, онҳоро мо худ аввал муайян карда, сипас бо гузашти вақт ба камол мерасонем”. Оре ин порчаҳо беҳикмат нестанд. Дар миёни ҷомеа ҳастанд афроде, ки аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Рафторашон, гуфторашон ва кирдорашон. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ низ ҳастанд хонандагоне, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дониши бузург, ахлоқи намунавӣ хоси онҳост. Онҳо доимо талош баҳри фардо мекунанд. Ин гуна наврасонро мегӯянд: “хонандагони болаёқат”. Зеро онҳо на танҳо дар дохили як муассиса, балки берун аз он низ шаъну шарафи муассисаро ҳифз мекунанду боло мебаранд. Чандест, ки дар сар то сари Тоҷикистон озмунҳои гуногун: “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол”. “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” шуда мегузаранд.

 

Литсейи ДДТТ низ дар ин самт бетараф нест. Мувофиқи нақшаи солонаи Литсей дар таърихи рӯзи 22.01.2021 даври аввали озмуни “Хонандаи сол” миёни синфҳои 6 то 10 гузаронида шуд. Дар озмун 16 хонанда иштирок дошт. Даври якуми озмун тариқи тестӣ ҷамъбаст гардид. Ба довталабон 10 саволи тестӣ (5 саволи пушида ва 5 саволи кушода) дода шуд ва барои иҷрои ҳар як савол довталабон 3 дақиқа вақт дар ихтиёр доштанд.

Дар даври дуюм танҳо хонандагоне иштирок мекунанд, ки дар даври аввал на кам аз 20 хол ба даст овардаанд.