ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ МАКТАББАЧАГОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021 – 2022
Дар санаи 6 – уми апрели соли 2021 дар литсей ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон барои соли таҳсили 2021 – 2022 ва дарёфти хонандагони боистеъдод бо ташаббуси аъзоёни иттиҳодияи фанҳои табиӣ – математикӣ даври интихобии олимпиада аз фанни математика дар байни хонандагони синфҳои 5 – 10 гузаронида шуд. Дар даври интихобӣ 34 нафар хонандагони синфҳои 5 – 10, ки ба фанни математика шаақу рағбати зиёд доштанд, иштирок намуданд.