ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" АЗ РӮЙИ НОМИНАТСИЯИ ХИМИЯ
Санаи 26.04.2021 дар Литсейи ДДТТ озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи Химия бо иштироки 61 нафар хонандагони синфҳои 5 - 11 гузаронида шуд. Дар озмун ба хонандагон шаш масъалаи амалӣ ва чаҳор масъалаи назариявӣ пешниҳод карда шуд, ки қисмати зиёди хонандагон аз иҷрои супоришҳои додашуда ба хубӣ баромада тавонистанд.