Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ОЛИМПИАДАИ ФОСИЛАВӢ

Самти олимпиада дар муассиса яке аз рукнҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор рафта, иштироки фаъолонаи хонандагон донишу малака ва маҳорати онҳоро тақвият медиҳад. Ҳамасола хонандагони литсей дар олимпиадаҳои фосилавии «Видеоурок» ва «Инфоурок» дар шаҳри Смоленск-и Федератсияи Россия аз фанҳои забонҳои русӣ ва забони англисӣ иштирок мекунанд.

 

Дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, бо мақсади тақвият додани қобилияти эҷодии хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба олимпиадаи навбатӣ хонандагон аз фанҳои математика, биология ва география низ ҷалб карда шуданд. Олимпиада аз 01.04.2021 барои ҳамаи фанҳо оғоз гардид ва санаи 31.05.2021 анҷом меёбад. Айни ҳол хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои  забони русӣ 50 нафар; забони англисӣ 37 нафар; математика 32 нафар; биология 44 нафар; география 18  нафар иштирок намуда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

 

Олимпиадаи мазкур дорои саволҳои мантиқӣ вобастаи синну соли хонандагон аст, ки хеле шавқовар аст ба ва рушди ҷаҳонбинии хонандагон кӯмак менамояд.