Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТЕМ

Санаи 29.05.2021 дар литсейи ДДТТ чорабинии умумилитсейии рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мавзӯи “Имрӯзу фардои миллатем” бахшида ба 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки мақсади гузаронидани чорабинӣ дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбия намудани хонандагон буд. Инчунин меъёрҳои Консепсияи ҳуқуқи кӯдак бори дигар ба самъи хонандагон расонида шуд.

 

Субҳи барвақт толибилмон бо табъи болида ба сӯи дабистон раҳсипор гардиданд. Саҳни литсей бо расму овезаҳо дар мавзӯи “Дунё аз нигоҳи кӯдакон” идона оро дода шуда буд.

Чорабинӣ аз қисматҳои тантанавию фарҳангӣ иборат буд ва дар фазои хушҳолию самимияти кӯдакона гузаронида шуд.