ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ ХОНАНДАГОН АЗ ФАННИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
Санаи 18.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанни забони модарӣ баргузор гардид. Дар озмун 18 нафар хонандагони синфҳои 2 – 4 иштирок намуданд ва10 нафар ғолиб ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд.