Вохӯрӣ бо хатмкунандагон ...20.02.2013
Вохӯрӣ бо хатмкунандагон ...20.02.2013
Рўзи 9.02.2013 дар литсейи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон вохўрии хатмкунандагон (синфхои 9-11) дар мавзўи «Захмату кору хунар касро намояд номдор….» бо хатмкардагони литсей баргузор гардид. Сухани ифтитохиро Сарвари литсей, Аълочии маорифи Чумхурии Точикистон Махмадуллоев Зафар Насуллоевич огоз намуда, дар бораи хатмкардахои литсей таи панч соли охир маълумоти мушаххас доданд.
Дар вохўри собик хатмкардаи литсей ва Донишгохи ДДТТ Пилтабоева Гулбегим чонишини директор оид ба молия «ОФСЕТ», Мирзоева Мехрангез корманди «Точиксодирот-бонк» Фарзонаи Иброхим донишчўи Донишгоги тиббии Точикистон ба номи А. И. Сино хамзамон пизишки дармонгохи «Карияи-Боло», Тураев Мунис донишчўи курси чоруми ихтисоси Технология ва коммуникатсияи Донишгохи техникии Точикистон ба номи М. Осими, Исоев Махмади донишчўи курси чоруми факултаи «Умури бонки»-и Донишгохи давлатии тичорати Точикистон, Фарзонаи Сатторзода донишчўи курси чоруми факултаи «Молия ва карз»-и Донишгохи милли, Махмудов Азамат донишчўи курси чоруми Донишгохи технологи, Илхоми Араб донишчўи курси 4-уми ДДТТ, Азизмуродова Гулноза донишчўи курси якуми факултаи «Умури бонки»-и ДДТТ, Негматова Сафарби донишчўи курси якуми факултаи «Умури бонки»-и ДДТТ, Факерова Мадина донишчўи курси якуми Донишгохи тибби, Атоева Дилафруз донишчўи бахши якуми Донишгохи тибби ва инчунин ба тарики Онлайн бо хатмкардахои литсей Назаров Чамшед донишчўи бахши якуми Академияи сохтмон ва меъмории шахри Днепропетровски Чумхурии Украина, Комрон Шарифи донишчўи бахши дуюми Донишгохи байналмиллалии шахри Остона, Шарипов Самад донишчўи бахши якуми Донишгохи давлатии Кубан ИНСПО (Институт начального и среднего профессионального образования), баргузор гардид. Хатмкунандагон тавонистанд, ба саволхои додаи худ оид ба интихоб намудани касб ва дар кадом донишгох ва донишкада тахсил намудан чавобхои аник ва мушаххас гиранд.
Дар вохўри хатмкардахои литсей ба маъмурият ва коллективи омўзгорони литсей миннатдории бепоёни худро изхор карданд. Аз чумла кайд намуданд, ки дар сохибтахассус ва донишчўи фаъол будани онхо захмати бевоситаи омўзгорони литсей мавкеи хосса дорад.
Чамъият бо донишу фарханг солим будааст,
Нурбахши дидаву дилхо муаллим будааст.
Тифли ноогохро доною окил мекунад,
Захматаш на камтар аз сад кори олим будааст.